Давоми ҳашт моҳи аввали соли равон сатҳи таваррум 4,9 дар садро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре аз ин ниҳоди молӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби болоравии хизматрасонии пулакӣ 13,7 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 4,5 фисад ва маҳсулоти озуқа 2,0 дар сад ба вуқӯъ омад.
Манбаъ мегӯяд, аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли равон сатҳи таварруми аслӣ 1,8 фоизро ташкил дод.
Лозим ба ёдоварист, соли 2011 меъёри таваррум 9,3 фоизро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2010-ум 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.
Мӯҳр