Имрӯз, 17-уми сентябр дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ин бора Шафқат Сайидов, сухангӯи ҳукумати шаҳр ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод. Ба қавли манбаъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи ширкатдорони нишастро ба тақвияти чораҳо нисбати омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронии пешорӯ нигаронида, ба комиссияи ҷамъиятии созмонёфта дастур дод, ки ҳолати омодагиҳо ва ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳоро мавриди санҷиш қарор дода, илова ба маълумотҳои омории дар ин хусус аз ҷониби сохторҳои зиддахл ба раиси шаҳр ахбори пешниҳод намоянд.
-Инчунин, мири пойтахт бо дахли масоили мухталифи ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти муштариён бо оби нӯшокӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани ҳолати санитариву экологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, истифодаву хизматрасонии мақсадноки боғҳои фарҳангӣ ва риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сокинонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришоти мушаххас дод,-афзуд Сайидов.
Ҳамчунин, ҷараёни корҳои дар мӯҳлати муқарраргашта барқарорсозии қисмати бар асари сӯхтор харобгардидаи бозори «Корвон», баҳри ҳимояи ҳукуқи соҳибкорони зарардида иҷроиши чораҳои таъиншуда аз ҷониби маъмурият ва соҳибмулки бозори мазкур ва ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявиро оид ба дар мӯҳлатҳои муқаррарӣ ба анҷом расонидани ташхиси сабаб ва оқибатҳои сӯхторро дар бозор бори дигар ба риштаи таҳлил кашида, афзуд, ки натиҷаи фаъолияти даҳрӯзаи Ситоди мазкур 19 сентябри соли 2012 дар сатҳи раиси шаҳр баррасӣ карда хоҳад шуд.
Мӯҳр