Дар шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Опел”, ки аз ҷониби сокини 62-солаи пойтахт идора мешуд, боздошта шуд.
Аз бордони автомашина ду адад баста бо маводи нашъадори алафмонанди бӯи махсус дошта пайдо карда шуд, ки маводи мусодирашуда навъи “каннабис” буда, вазни он 4 килоро ташкил медод.
Дар рафти санҷиш ва гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ як нафар ҳаммаслаки ӯ, ки зода ва истиқоматкунандаи 48-солаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад, дастгир гардид.
Дар ин бора ба Озодагон Бобоҷони Шафеъ, корманди Агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ дод.
Дар айни замон дастгиршудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд. Барои гумонбар будан дар содир кардани ин ҷиноят муқобили онҳо парвандаи ҷиноятӣ мувофиқи моддаи 200, қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
«Ҳоло бо мақсади ошкор ва дастгир намудани шахсони дигари ба ин амали ҷиноятӣ алоқаманд, муайян кардани роҳҳои қочоқи каннабис ба пойтахти кишвар ва минбаъд ба беруни ҷумҳурӣ интиқол додани он Агентӣ чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мегузаронад»-афзуд манбаъ.
Мӯҳр