Бахшҳо

Вазъи саломатии Муҳаммадҷон Шакурӣ вазнинтар шуд

Вазъи саломатии Муҳаммадҷон Шакурӣ, академики тоҷик, ки чанд вақт боз аз ҳисоби маризии гурда ранҷ мебарад, имрӯз хеле вазнин шудааст.

Чанд тан аз пайвандону наздикони ӯ дар суҳбат  ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки айни ҳол устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар беморхонаи «Ибни Сино»-и пойтахт дар як ҳолати хеле вазнин, тавассути дастгоҳи сунъӣ нафас кашида истодааст. Бояд зикр намуд, чанде қабл Муҳаммадҷон Шакурӣ барои муолиҷа ва истироҳат ба давлати исломии Эрон рафта буд.Тибқи иттилои пайвандони ӯ, ахиран бемории устод хурӯҷ карда, пеш аз сафараш ба Эрон як ҳафтаи ахир дар касалхонаи Ибни Синои Душанбе табобат мегирифт. Муҳаммадҷон Шакурӣ 87 сол дорад. Ӯ аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи марти имсол нахуст дар Теҳрон ва сипас дар шаҳри Ню-Кассли Бритониё, ки писараш Анвар дар он ҷо зиндагӣ мекунад, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дошт. Маврид ба тазаккур аст, ки академик Шакурӣ аз соли 1996 ба ин сӯ узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Теҳрон аст. Соли 2005 ӯ ба унвони "чеҳраи мондагор" дар Эрон баргузида шуд. Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳудуди 50 китоб дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла адабиётшиносӣ ва таърих, фарҳанг ва забон навиштааст. Китоби "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад"-и ӯ боиси шӯҳрати рӯзафзунаш гашта, он ҳанӯз дар аввали солҳои 80-уми асри гузашта ба ин тараф чандин маротиба ба нашр расидааст. Ҳамчунин, ду асари гаронарзиши ӯ: "Хуросон аст инҷо" ва "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" аз таълифоти ахираш маҳсуб мегарданд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)