Дар шаҳру навоҳии кишвар мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон идома дорад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумон, ахиран вакили Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов бо интихобкунандагони худ дар ҷамоатҳои «Меҳнатобод» ва «Дружба»-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон вохӯрд.
Манбаъ афзуд, Сафарали Гулов аснои сӯҳбати худ бо аҳолӣ гуфт, ки бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва афзоиши имкониятҳои молиявӣ аз 1 сентябри соли равон марҳалаи дуюми зиёдшавии музди меҳнат амалӣ гардида, музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон-60 фоиз, соҳаи фарҳанг -50 фоиз, соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои маориф -40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ-30 фоиз зиёд мешавад.
Ҳамзамон, дар дигар манотиқи кишвар низ вохӯриву мулоқоти намояндагони МН бо интихобкунандагон сурат мепазирад.
Мӯҳр