Қабули пешниҳоди Назаралӣ Орифов, вакили парлумони Қирғизистон, ки аз ҳукумати кишвараш дархост кардаст, содироти ангиштро ба Тоҷикистон мувақаттан манъ намояд, барои Тоҷикистон зарар дорад.
Бино ба гуфти коршиносони тоҷик, дар сурати манъи воридоти ангишти қирғизӣ эҳтимоли ҷаҳиши нархи он дар бозори Тоҷикистон зиёд мешавад, рақобат ва пешниҳоди мол кам мегардад, зеро истеҳсоли худии ангишт дар Тоҷикистон дар муқоиса бо талабот хеле ночиз аст. Мақсади пешниҳодашро Орифов пешгирии афзоиши нархи ангишт дар минтақаҳои ҷанубии кишвараш гуфтаст, ки бо наздикшавии фасли сармо бо суръат боло рафта истодаанд.
Ҷаноби Орифов мӯътақид аст, ки сабаби асосии гаронии ангишт дар минтақаҳои ҷанубии кишвараш содироти он ба Тоҷикистон мебошад. Дар сурати манъ накардан, вакили қирғизӣ мегӯяд, нархи 1 тонна ангишт дар Қирғизистон то 20 ҳазор сом (ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ) мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар худи Тоҷикистон ҳукумат бо мақсади пешгирӣ аз болоравии нарх ва таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ содироти ангиштро аз 1-уми майи соли равон манъ кардаст.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон дар кишвар ҳудуди 125 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудаст. Таҳлилгарон бо назардошти эҳтимоли манъи воридоти ангишти қирғизӣ аз ҳозир барои масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон зарур мешуморанд, ки тавлидоти ҳарчи бештари ангиштро таъмин намоянд. То ҳолати солҳои пешин, ки дар бебарқӣ мардум ба ангишти гаронарзиш ҳам дастрасӣ надоштанд, такрор нашавад.
Мӯҳр