Муовини аввали нахуствазири кишвар (собиқ мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масоили иқтисодӣ) интиқоди Кодекси андози нави Тоҷикистонро дар матбуот нотавонбинӣ медонад.
Номбурда нодида гирифтанро дар ростои он ки гӯё дар Кодекси нави андоз барои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ тақрибан сабукие нест, нодуруст хонд: «Мо боварӣ дорем, ин Кодекс барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад. Боиси иҷрои буҷет мегардад». Баробари ин Давлатов эътироф дорад, ки сарфи назар аз тағйиру иловаҳои зиёд Кодекси андози ба тозагӣ қабул шуда, «аз камбудиҳо холӣ нест».
Ҳамзамон, муовини аввали нахуствазир Кодекси андозро ҳуҷҷати муҳимтарини рушди иқтисодиёти Тоҷикистон номида, таъкид намуд, ки кӯшишҳо дар самти такмили низоми андозӣ бояд пайваста сурат гиранд: «Рӯз то рӯз бо преблемаҳои нав мешаванд, ҳаёт аст. Ҳаёт боз нишон медиҳад, ки тағйиротҳо бояд шаванд».
Маврид ба ёдоварист, Кодекси андози нави Тоҷикистон ҳафтае пеш аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар қабул шуда, имрӯз аз сӯи вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ низ дастгирӣ ёфт. Он аз 1-уми январи соли 2013 мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Барои таҳияи Кодекси нав аз ҷониби доираҳои соҳибкорӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ҳудуди 4 ҳазор пешниҳод ирсол шудаанд, ки на ҳамаи онҳо қабул гардидаанд.
Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, агар ҳамаи пешниҳодҳоро зимни таҳияи Кодекси андоз қабул мекарданд, коҳиши даромади буҷет то ба 3,2 миллиард сомонӣ мерасид, ки барои давлат иҷрои вазифаҳои иҷтимоиашро дар назди мардум хеле мушкил мекунад.
Мӯҳр