Ҳоло дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ дар Душанбе мошинҳо дар навбат меистанд ва шоҳиди ҳол ҳам будем, ки чӣ тавр ронандагон барои харидани бензин бо ҳам ҷангу хархаша доштанд. Як моҳ қабл бо мошини кироя аз назди бинои прокуратураи генералӣ то истгоҳи роҳи оҳан роҳкиро 15 сомонӣ буд, ҳоло 25-30 сомонӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол дар шимоли Тоҷикистон маъмурони гумрук дар чанд моҳи ахир аз қочоқчиён ба миқдори беш аз 2,5 миллион литр сўзишворӣ кашф ва мусодира кардаанд. Масъулини идораи гумрук мегўянд, ки ҳарчанд қочоқчиён сўзишвориро бо нархи арзонтар ба Тоҷикистон ворид месозанд, вале онро бо нархи гарон ба фурўш мегузоранд. Ронандае гуфт, ки дар шароити гирифторӣ ба бўҳрони сўзишворӣ боздошти воридкунандагони бензин ба нафъи мардум нест. Зеро онҳо бозори дохилиро то андозае аз норасоии бензин мераҳонанд. Пештар дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ бензин қимат бошад ҳам, ёфт мешуд, аммо феълан дар НФС бензин нест ва касе намедонад, ки чӣ ҳодисае сурат мегирад.
Оё Гул Шералӣ бо Гурбонгулӣ забон меёбад?
Мақомоти Тоҷикистон роҳи ҳалли аз бўҳрони сўзишворӣ баромаданро дар сохта ба истифода додани корхонаи коркарди маҳсулоти хоми нафтӣ дар Тоҷикистон медонанд. Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон то он замон барои ба эътидол овардани вазъи бозори сўзишворӣ муваққатан чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст. Ҳайати ҳукуматӣ таҳти сарварии Гул Шералӣ ба Туркманистон сафар кардааст. Ҳадафи расмии сафар иштирок дар ҷаласаи ҳамкориҳои ду кишвар унвон шудааст. Аммо гуфта мешавад, ки дарёфти сўзишвории Туркманистон бо нархи арзонтар аз ҳадафҳои калидӣ ин дидор будааст.
Вале таҳлилгарон бар ин боваранд, ки истеҳсоли нафти Туркманистон чандон зиёд нест ва нафте, ки ҳоло тавлид мешавад, аз қабл соҳиб дорад. Ба ин хотир ба бозори нафти Туркманистон роҳ ёфтани Тоҷикистон хеле мушкилиҳо дорад. Аз ҷумла, агар дар Русия нархҳо ҳар моҳ таъйин шаванд, дар Туркманистон ҳамарўза тағйир меёбанд. Дар Туркманистон нафт бо нархи ҷаҳонӣ харидорӣ мешавад. Харидорон пешакӣ кулли тавлидотро аз худ мекунанд. Ҳоло бензини Туркманистон ба Эрон, Аврупову Чин ва Афғонистон содир мешавад.
Зайниддин Маҳмудов, сардори шўъбаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеи Вазорати рушди иқтисод ва cавдо чанд монеаро ёдовар шуд, ки мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ҷониби Туркманистонро ба ҳалли онҳо моил кунанд. Аз ҷумлаи ин монеаҳо андози дуҷониба аз нафт мебошад. Ба гуфтаи ў Туркманистон 18 дарсад андоз аз арзиши изофа ва сари ҳар ҳазор тон 50 евро андози аксизӣ ва 5 дарсади дигар боҷи гумрукӣ меситонад ва бо иловаи арзиши интиқол қимати нафти Туркманистон боло меравад. Гуфта мешавад, ки то ба Тоҷикистон расидани ҳар ҳазор тон маҳсулоти нафти Туркманистон, нисбат ба Русия қимати он 100 доллар зиёдтар мешавад.
Роҳҳои дигари таъмини сўзишворӣ
Чунин ба назар мерасад, ки аз Туркманистон ҳам дастрас кардани сўзишворӣ боиси беҳбуди вазъ нахоҳад гашт. Аммо бархе аз коршиносон чунин мешуморанд, ки бо истифода аз захираҳои дохилӣ Тоҷикистон метавонад бўҳрони сўзишвориро коҳиш диҳад. Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон бар ин бовар аст, ки захираҳои гази Тоҷикистонро ба ҷои бензин истифода бурдан мумкин аст. Барои ин бояд ба теъдоде аз автомобилҳо таҷҳизоти газӣ насб кардан лозим меояд.
Ба андешаи коршиносон нархи гази моеъ низ метавонад баланд шавад, лекин нисбат ба бензин аз 30 то 50 фоиз ҳамеша арзонтар аст.
Истифодаи таҷҳизоти газӣ дар ҳоле гуфта мешавад, ки қаблан ронандаҳоро барои насби дастгоҳҳои газӣ дар мошинҳояшон ҷарима мебастанд ва иҷоза намедоданд. Аммо таҳлилгарон мегўянд, ки дар «зарурат раво аст».
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки Тоҷикистон захираи зиёди газ дорад, вале дар чуқуриҳои 5-6 ҳазор метр дар қаъри замин ҷойгир аст, ки истифодаву коркарди он харҷи зиёд талаб мекунад. Масъулини Вазорати иқтисод мегўянд, гази моеъ аз Қазоқистон, Туркманистон ва қисман аз Ўзбакистон ворид мешавад. Онҳо бар ин назаранд, ки захираҳои гази Тоҷикистон ҳазорҳо тон аст ва аз ин ҳисоб захира кардану аҳолиро таъмин намудан имкон дорад. Зеро ҳоло танҳо 5 фоизи нақлиёт шояд бо газ ҳаракат кунад ва агар 50 дар сади мошинҳо таҷҳизоти газӣ насб кунанд, дар он сурат талабот ба бензин камтар мешавад.
Дар кишварҳои Аврупо, ба хусус, Италия 70 фоизи нақлиёт аз ҳисоби газ ҳаракат мекунанд. Дар Туркия танҳо соли 2010 чор миллион нақлиёт таҷҳизоти газӣ насб карданд. Дар Голландия, Корея ва Олмон нақлиётро дар вақти истеҳсол таҷҳизоти газӣ насб менкунанд.
Дар бораи иваз кардани бензин ба газ дар ҳоле гуфта мешавад, ки дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ аҳолӣ тақрибан аз газ маҳруманд ва Тоҷикистон аз дигар кишварҳо, ба хусус Ўзбакистон газ ворид мекунад. Пас метавон ҳадс зад, ки дар ҳоли ҳозир гази дохилӣ, ки ҳанўз дар зери замин аст, наметавонад бўҳрони бензину соляркаро коҳиш диҳад.
Таҳлилгарон роҳи дигари таъсиргузорӣ ба нархи баланди бензинро истифода аз нерўи барқ дар ҳаракати автобусу троллейбуси шаҳрҳо маънидод мекунанд. Онҳо мегўянд, аз қувваи барқ, ки сўзишвории арзон ва тоза мебошад, истифода бурдан мумкин аст. Нақлиётҳое, ки барои боркашонӣ дар самтҳои муайян ҳаракат мекунанд, бо қувваи барқ метавонанд ҳаракат кунанд. Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон арзонтар аст. Вале барои аз барқ истифода кардан низ мушкилиҳоеро низ бартараф кардан зарур меояд. Васеъ кардани роҳҳо, безарар кардани хонаҳои сари роҳ ва боварибахш кардани партовҳои аккумулятор аз проблемаҳоест, ки бояд дар ин сурат ҳалли худро пайдо кунад.
Зиёд кардани теъдоди автобусу троллейбусҳо, ки бо барқ ҳаракат мекунанд, барои аҳолии шаҳрҳо арзону судманд аст, вале дар ҳоле дар бораи барқи арзон сўҳбат мешавад, ки мардуми Тоҷикистон ҳама сола ба бўҳрони шадидтари энергетикӣ дучор меоянд, ки аз бўҳрони сўзишворӣ ҳам гаронтар аст.
Чунин ба назар мерасад, ки феълан дар Тоҷикистон истеҳсол кардани cўзишворӣ аз манбаъҳои дигар ғайриимкон аст. Газ ҳаст, вале давраи истеҳсоли он якчанд сол тўл мекашад. Аз гандуму ҷав истеҳсол кардани сўзишворӣ ба нархи орду нон таъсир мерасонад. Дар шароите, ки замини корами Тоҷикистон кам аст ва маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда ба ниёзи аҳолӣ ҷавобгў нест, инчунин хушксоливу бўҳрони озуқаро баъзе аз коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ, Дилшоди Абдуҷалил мегўяд, ки то замони истифода аз захираи гази дохилӣ танҳо роҳи ягона ин истифода аз сўзишвории кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Русияву Ўзбакистон ва Туркманистон аст, ки Тоҷикистон бо ҳар роҳ бояд ин манбаъҳоро ҳифз кунад. Шояд дар ин самт ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ кўмак мекунад ё забон ёфтану муносибати хубро ба роҳ мондан.
Вале суоле пешорўст, ки то замони истифода кардани захираҳои дохилӣ барои коркарди сўзишворӣ чанд маротиба пеши шарики стратегӣ-Медведеву Путин ва «амир Темури сонӣ»- Ислом Каримов сар хам кардан даркор аст? Ё шояд роҳи дигаре ҳам вуҷуд дорад?{jathumbnail off}
Исфандиёр ХАЛИЛӢ
Мӯҳр
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |