Дар ин бора як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аснои сӯҳбати телефонӣ ба Озодагон иттилоъ дод.
Ин хабарро Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД низ тасдиқ карда иброз дошт, ки воқеъан ин ҳодисаи даҳшатнок дар ҷануби кишвар субҳи имрӯз ба вуқӯъ пайвастааст. Бино ба қавли ӯ, ҷавони 23-сола, ки чанде қабл аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия баргаштааст, даст ба ин иқдом зад: «Тақрибан соатҳои 6-7-и субҳ дар деҳаи Ҷомии Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷавонмарди 23-сола, ки муваққатан бо ҳамсараш дар хонаи апааш ба сар мебурд, аснои муноқишаи оилавӣ ҳамсарашро буғӣ карда мекушад. Баъди чанд лаҳза худро ба дор овехта ба ҳалокат мерасад».
Алъон, оиди ин қазия тафтишоти пешакӣ идома дорад
Мӯҳр