Чемпионати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ-годзю-рю миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, аз 14 то 16-уми сентябр, дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон чемпионати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ-годзю-рю доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ, ки аз рӯйи намудҳои ката, кумитэи иригуми-дзю, иригуми-го ва кумитэ WKF гузаронида мешавад, ҳайати дастаҳои шаҳри Душанбе, Турсунзода, ноҳияи Рашт, вилояти Хатлон (2 ҳайат), Суғд (4 ҳайат) ширкат доранд.
Мӯҳр