Имрӯз дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ки таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, лоиҳаи Кодекси андози ҶТ дар таҳрири нав баррасӣ гардид.
Хабарнигори парлумонии Озодагон, ки дар нишасти мазкур ширкат дошт, дар ин бора иттилоъ дода афзуд: «Лоиҳаи нави кодекси андози кишвар аз ҷониби аъзоёни маҷлиси миллӣ қабул гардид. Сайдмурод Тағоев, раиси кумита оид ба комуникатсия ва иртибот зимни баромадаш гуфт, ки кодекси нави андоз аз 50 боб ва 239 модда иборат буда, дар муқоиса ба кодеки андозе, ки феълан амал мекунад дигаргуниҳои зиёде дорад, ки ба манфиати ҷомеа аст».
Бино ба қавли Тағоев, дар лоиҳаи нави кодекс имтиёзҳои зиёде ба тоҷирон дода шудааст. Минбаъд аз тоҷироне, ки ба савдои чакана машгуланд, умуман андоз ситонида намешавад. Гузашта аз ин онҳое, ки ба кишвар таҷҳизоти муосири замонавӣ ворид мекунанд, низ аноз намесупоранд». Номбурда ҳамчунин гуфт, дар лоиҳаи нав низоми нави андозбандиҳо оварда шудааст. Дар сурати амалӣ гардидани ин кодекс нафароне, ки ба ташкили ҳар гуна бозиҳо, масалан «билярд» ё дигар намуди бозиҳо ба мисли ин машғуланд, аз таҷҳизотҳои роҳандозӣ намудаи худ андоз месупорад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олӣ қайд кард, ки Кодекси нави андоз ва қабули он қадами бузург аст, ин кодекс ба манфиати иҷтимоии ҳар як фарди ҷомеа буда метавонад.
Ёдрас мекунем, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид. Барои таҳияи он комиссияи махсус таъсис дода шуда, ин комиссия дар маҷмӯъ 45 ҷаласа доир намуд, ки дар дутои он бевосита сарвари давлат иштирок кард. Барои таҳияи Кодекси нави андоз таҷрибаи Гурҷистон дар ин самт мавриди омӯзиш қарор гирифта, андешаҳои коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки осиёгии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ ба инобат гирифта шуданд.
Мӯҳр