Барак Обама, президенти Амрико ва Мансур Ҳодӣ, райҷумҳури Яман масъалаи ҳамла ба сафоратхонаи ИМА дар шаҳри Cанъоро баррасӣ карданд.
Бино ба гузориши хабаргузориҳои хориҷӣ, зимни ин сӯҳбати телефонӣ Обама хостааст, ки амнияти дипломатҳои Амрико дар Яман таъмин шавад. Вай ҳамзамон ба Ҳодӣ изҳори сипос кардааст, ки ба зудӣ ба тазоҳурот вокуниш нишон додааст ва расидагӣ ба ҳодиса шурӯъ шудааст.
Ҳамзамон, расонаҳо менависанд, дирӯз (13-уми сентябр) дар ҷараёни ҳамла ба сафоратхонаи Амрико дар Санъо, пойтахти Яман пулиси ин кишвар 3 нафарро ба қатл расонд ва бештар аз 30 нафар захмӣ шудаанд. Дар Қоҳира, пойтахти Миср бошад, дар бархӯрдҳо 220 нафар осеб дидаанд. Ба иттилои расида, 30 нафари онҳо кормандони пулис мебошанд. Гуфтанист, то ҳоли ҳозир 23 нафар боздошт шудаанд.Тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди намоиши филмии хусусии амрикоӣ дар Кувайту Марокаш, Судону
Тунис ва дар Ғаззаву Бангладеш низ баргузор шуд.
Маврид ба ёдоварист, ин ҳамалот дар пайи интишори филме, ки гуфта мешавад дар он паёмбари ислом тавҳин шуда, сурат гирифтааст.
Мӯҳр