Баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Корея ва баръакси он ба мақсад мувофиқ аст. Дар ин бора райиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқоташ дар Сеул бо Ким Сунг Хван, вазири корҳои хориҷии Корея иброз дошт.
Бино ба қавли Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар мулоқоти мазкур ба сатмуносиботи дуҷониба дахл карда гуфтанд, ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея дар ҳоли рушд қарор дошта, ба марҳилаи сифатан нав ворид шудааст. Зуҳуров афзуд, «мо бояд танҳо ба рушди ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ маҳдуд нагардем, балки риштаи равобитро ҳамзамон ба самти ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ моил созем. Зеро, робитаҳои фарҳангӣ метавонад Тоҷикистону Кореяро ҳар чӣ бештар ба мардумони кишварҳои ҳамдигар муаррифӣ намояд. Ташкил намудани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Корея ва рӯзҳои фарҳанги Корея дар Тоҷикистон барои ошноии бештари халқу миллатҳои ду кишвар аз фарҳангу тамаддуни ҳамдигар мусоидат мекунад».
Ҳамзамон, вазири умури хориҷаи Корея аввалин сафари Шукурҷон Зуҳуровро ба ин кишвар фоли нек дар тавсеаи робитаҳои Душанбею Сеул арзёбӣ кард.Гуфта мешавад, авзои минтақа ва ҷаҳон, тавсеаи равобит байни ниҳодҳои гуногуни давлатӣ, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, терроризм, ифротгароӣ аз мавзӯҳои меҳварии баррасишавандаи нишасти мазкур будаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр