Президенти Русия афзоиши тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистонро таҳдиди муштараке барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон унвон кард.
Ба гуфти ӯ, аз байн бурдани тавлиди маводи мухаддир, ниёзманди як муборизаи ҷиддӣ аст. Оқои Путин гуфтааст, неруҳои НАТО дар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон муваффақияти чандоне надошта ва ноком будаанд6 «Тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 60 фоиз афзоиш ёфта аст, солона беш аз 20фоиз аз маводи мухаддири тавлид шуда дар Афғонистон ба Русия қочоқ мешавад».
Ба гуфтай вай соли гузашта 70тон ҳеруин ва 56тон тарёки тавлиди Афғонистон ба Русия ворид шуда аст. Владимир Путин таъкид кард, ки Афғонистон ниёзманди сиёсати шаффофи иқтисодӣ аст, ки кишварҳои узви НАТО ҳеч таваҷҷуҳе дар ин замина надоштаанд. Гуфтанист, вазъияти иқтисодии мардуми Афғонистон бисёр бад аст ва дар сурати идомаи ин вазъ, бештари мардуми ин кишвар ба гурӯҳи толибон хоҳанд пайваст.
Путин хотирнишон кард, ки даромади ҳосил аз тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, барои таъмини ниёзҳои гуруҳҳои террористӣ ва ҷиноёти созмон ёфта ба масраф мерасад.
Муҳаммад Карим Халилӣ, муовини дуюми раёсати ҷумҳурии Афғонистон чанде қабл дар маросими рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир гуфт, ки бояд бо қочоқчиёни маводи мухаддир бархӯрди ҷиддӣ сурат гирад.
Бо вуҷуди сарозер шудани миллионҳо доллар дар бахшҳои мубориза бо маводи мухаддир, ҳанӯз ҳам бештарин мизони маводи мухаддири ҷаҳон дар Афғонистон тавлид мешавад.
Мӯҳр