"Боғи китоб"-и Теҳрон бузургтарин маҷмуъаи фарҳангии китобмеҳвар дар Эрон ва яке аз бузургтаринҳо дар ҷаҳон хоҳад буд.
Бо тавачҷуҳ ба маҳдудияти китобфурўшиҳо дар арзаи китоб, мардум метавонанд манобеъи мавриди ниёзи худро дар тўли солҳо дар онҷо пайдо кунанд. Шаҳрдории Теҳрон бо пешниҳоди Алиакбари Ашъарӣ, раиси собиқи китобхонаи миллии Эрон тасмим ба сохти "Боғи китоб" дар теппаҳои
Аббосободи Теҳрон ба далели издиҳоми боздид аз Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон гирифт.
"Боғи китоб" ба унвони як намоишгоҳи китоби доимӣ, ки дар чаҳор фасли сол ба намоиш ва ироаи китоб мепардозад, дар назар гирифта шуд, ки илова бар афзоиш ва тасҳили дастрасии алоқамандон ба китоб, аз шиддати ҳуҷум дар рўзҳои баргузории Намоишгоҳи байналмилалӣ ба наҳви чашмгире мекоҳад ва рўйдоди намоишгоҳро ба фазое шабеҳи ончи дар як намоишгоҳи байналмилалии мўътабар ҳамчун намоишгоҳи китоби Франкфурт ҷараён дорад, наздик мекунад.
Мӯҳр