Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Коллеҷи мудофиаи миллии Ҳиндустон, ки ҷиҳати иштирок дар курси омӯзишӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» сардори Хадамоти матбуотии вазорати мазкур Нуралӣ Шокурбонов иттилоъ дод. Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот, Шариф Раҳимзода ва роҳбари ҳайати меҳмонон- Контр- адмирал Равиндра Гайквад низ иштирок доштанд. Ҷонибҳо вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва раванди ислоҳоти иқтисодиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ намудаанд.
Инчунин онҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Мӯҳр