Сокини 37-солаи шаҳри Чкалов бо ин миқдор маводи мухаддир дар шимоли кишвар аз сӯи кормандони милиса боздошт гардидааст.
Дар ин бора ба Озодагон Акбар Шарипов, масъули маркази матбуоти РКД-и вилояти Суғд иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, рӯзи 12.09.с.2012 , аснои гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд шаҳрванд «Н.Ҷ», соли таваллудаш 1975, сокини ш.Чкалов, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир карда шуд.
-Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 3 бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 4 килою 389 грамм маводи нашъадори навъи «героин» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд,-афзуд Шарипов.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр