Сокини шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми даст доштан дар ғайриқонунӣ бунёд намудани манзили зист боздошт гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, Давлат Нобов, сокини шаҳри Ваҳдат моҳи августи соли равон бе ягон ҳуҷҷати зарурӣ қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, дар он ҷо ғайриқонунӣ манзили истиқоматӣ бунёд намудааст, ки ин амали ӯ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ошкор гардид.
Гуфта мешавад, кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёти вижа ошкор намуданд, ки Нобов дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бидуни асноди зарурӣ ва дар заминҳои фонди давлатӣ манзили зист бунёд кардааст. Бино ба иттилои манбаъ, айни ҳол нисбати номбурда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр