Аз 17-ум то 23-юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Иссик-Кули Қирғизистон бузургтарин озмуни мунозира бо забони русӣ, «Ҷоми Чингиз Айтматов 2012», баргузор мегардад.
Дар ин бора ба «Озодагон» Ҷаҳонгир Забиров яке аз иштирокчии озмуни мазкур иттилоъ дод. Дар озмуни мазкур аз 9 кишвари ширкаткунанда, 250 нафар, ки шомили 100 гурӯҳ мебошанд, иштирок менамоянд. Гуфта мешавад, 7-рӯзи омӯзишӣ иштирокчиён дар барномаҳои таълимии пай дар пай ширкат меварзанд. Ғолибони озмун бо ҷоизаи Чингиз Айтматов қадрдонӣ мегарданд.
Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта аз Тоҷикистон 8 гурӯҳ иштирок намудаанд, ки аз ҳама натиҷаи хуб барои ғолибият мақоми 21-ум буд, аммо ба гурӯҳҳои Тоҷикистон имконият даст надод, ки муввафақ шаванд ва ғолибият насиби ҷавонони қазоқ шуд.
Соли ҷорӣ аз кишвари Тоҷикистон 12 гурӯҳ ширкат хоҳанд намуд.
Мӯҳр