Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди қаиқронӣ дар вилояти Суғд баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, бахшида ба хотираи мураббии шоистаи Иттиҳоди шӯравӣ Иброҳим Ҳасанов рӯзҳои 26 ва 27-уми сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузории мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намуди қайиқронӣ дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинии мазкур ширкати ҳайати дастаҳои вилоёти Суғд (Суғд-1, Суғд-2, Суғд-3), Хатлон (Хатлон-1, Хатлон-2, Хатлон-3) ва шаҳри Душанбе (Душанбе-1, Душанбе-2, Душанбе-3) пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир хоҳад шуд.
Мӯҳр