22-уми сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангии «Олами фарҳанги Ҷопонӣ» бо гузаронидани намоиши Кимоно, Икибан ва Сумо баргузор мегардад.
Дар ин бора ба «Озодагон» масъули бахши фарҳангии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Комрон Холов иттилоъ дод.Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур ба ифтихори 20-умин солгариди барқарор намудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопон сурат мепазирад.
Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо вазороти фарҳанг, корҳои хориҷӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад. Он соати 14-00, дар ошёнаи 2-юми толори намоишгоҳи китобхонаи миллӣ баргузор мешавад. Даромад ба ин маросим ройгон аст.
Мӯҳр