Бахшҳо
11 июн 2011 07:58Сиёсат

Империяи ҷиноятӣ: Аз “воры в законе” то дуздони ғайриқонунӣ

Тавре ки медонем, ҳанӯз аз замонҳои қадим то ба имрӯз, аз нахустин давраҳои рушду такомули худ ҷомеа ва аҳли ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад, ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар тасаввур ва тафаккури маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ, (бад, зишт, манфур, ғайри қобили қабул) нақш бастааст.



Аммо моҳи октябри соли 2009 пешопеши тобути ҷинояткори машҳури Русия Вячеслав Иванков (Япончик), ки дар рафти муборизаи хунин барои нигаҳ доштани доираи нуфуз аз тири ҳаммаслакони хеш фавтида буд, бо иззату шаън парчами миллии ин кишварро мебурданд. Маросими ҷанозаро кормандони яккачини отряди махсуси милиса (ОМОН) навбатдорӣ мекарданд. Пеш аз гузоштани тобут минаҷӯйҳои касбии мақомоти дахлдор лаҳадро аз назар гузарониданд. Тамоми шабакаҳои телевизионӣ аз рафти ҷаноза наворбардорӣ мекарданд; ҳамон рӯзи фасли тирамоҳ муҳимтарин сарахбори расонаҳои иттилоотии давлативу ғайри давлатӣ маросими ҷанозаи Вячеслав Иваньков (Япончик) буд... Пас, ҷинояткорон кистанд, магар қадр ва эътибори онҳо хасакӣ набуда амалан воқеъӣ аст?

Оё ҷинояткорон метавонанд ватандӯст бошанд? Магар дар рушду такомули иқтисодиёти кишвар онҳо ҳам саҳм доранд? Ҳукуматдорон метавонанд тибқи маслиҳати пешакӣ бо доираи ҷинояткорон созишномаи ҳамкорӣ дошта бошанд? Ҷинояткор чӣ кас буда метавонад?

Дуздони “қонунӣ” ва ғайриқонунӣ!?

Дуздони “қонунӣ” (“воры в законе”) – дар олами ҷиноии рӯи замин падидаи беназир дониста мешаванд; ин иттиҳодия ва ё империяи ҷиноятӣ, танҳо хоси давлатҳои ИДМ буда, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди шӯравӣ амал мекунад.

Касе аниқ гуфта наметавонад, ки дуздони “қонунӣ” бори аввал дар куҷо ва кай пайдо шудаанд. Аксарияти мутахассисони соҳаи ҷиноятшиносӣ (криминалистика) чунин мешуморанд, ки дуздони “қонунӣ” ибтидои солҳои сиюми асри ХХ дар зиндонҳои давлати шӯравӣ пайдо шуданд. Онҳо бо маҷмӯи қонунҳои қатъӣ ва бошиддат, риояи бечунучарои тартиботи нонавишта, ҷазодиҳии бераҳмона, пинҳонкории касбӣ, нигоҳ доштани сирри ҳаммаслакон, номи аслии онҳо, пуштибонҳо, восита ва услубҳои алоқа аз дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ то он замон мавҷуд буда фарқ мекарданд.

Роҳбарияти давлати шӯравӣ мавҷуд будани ҷинояткории муташаккилро дар кишвари шӯроҳо ба куллӣ рад мекард. Ибтидои солҳои 30-юм бо роҳи террори сиёсӣ ва ҷазодиҳии саросарӣ, таъқиб ва фишор фаъолияти ҳамагуна созмон ва ташкилотҳои сиёсиву ғайрисиёсӣ пурра боздошта мешавад; дар қатори майдадуздону майдаҷаллобон ба зиндонҳо шахсони дорои тафаккур ва диди пешрафта бандӣ мешаванд. Муборизаи милисаи халқӣ акнун алайҳи ҷинояткории маъмули умумӣ, ки дар натиҷаи коллективкунонӣ ва сар задани гуруснагӣ авҷ гирифта буд, авҷ мегирад. Дар чунин шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ як гурӯҳи ҷинояткорон бо номи дуздони “қонунӣ” пайдо шуданд. Барқасдона итоат накардан ба қонун ва тартиботи ҷорикардаи ҳукумат омили асосии мутаҳҳидкунандаи ин навъи ҷинояткоронон мегардад. Барои зинда мондан, дуздони “қонунӣ” худро аз сиёсати давлатӣ дур гирифта бо ин роҳ тибқи маслиҳати хомӯшона сохти шӯравиро эътироф мекарданд, ҳарчанд ба ҳукумат ва қонунҳои он итоат намекарданд. Умуман равоншиносии иҷтимоӣ собит карда, ки ҳама гуна фишор бар болои ќишрҳои мухталифи ҷомеа боиси роҳҳои алтернативӣ ҷустани онҳо барои мустаҳкам кардани ҷойгоҳи худ ва халосӣ аз фишорҳо шудаву мешавад.

Дуздони “қонунӣ” ва ё “элитаи” олами ҷиноятии шӯравӣ барои худ кодекси алоҳида таҳия намуда буд, ки тибқи он меъёр ва қойидаҳои маъмули ҷамъият барои дузди “қонунӣ” ғайри қобили қабул буданд, аз ҷумла, дузди “қонунӣ” наметавонист бо ягон зан алоқаи доимӣ дошта бошад, барои ӯ мафҳуми оила, зан, фарзанд, хешу табор бегона буд; барои дузди “қонунӣ” ҳамкорӣ ва алоқа бо дилхоҳ мақомоти давлатӣ ва ҳифзи тартибот, иштирок дар ҳамагуна маъракаи умумиҷамъиятӣ амали палид ба ҳисоб мерафт.

Аз “штрафбат” то “новые руские”

Бояд гуфт, ки то аввали солҳои 40-и асри гузашта ин кодекси сангин гурӯҳи ҷиноятии тоинқилобиро пурра аз байн бурд ва боиси сар задани гурӯҳи ҷиноятии ҷадид гашт. Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба маҳбусон имкон дода шуд, ки яроқ дар даст худро сафед ва авф кунанд. Аз байни маҳбусони зиндонҳои шуравӣ баталонҳои махсус бо номи даҳшатафкани “штрафбат” таъсис меёфт. Ҳайати “штрафбаталион” бо бераҳмӣ ва сангдилӣ, бебокӣ ва нотарсӣ миёни артиши немисҳо тарсу воҳима паҳн карда буданд.

Баъди хотимаи ҷанг маҳбусони зиндамонда дубора ба зиндонҳо баргардонида шуданд; байни ин маҳбусони ҷанговар ва нафарони ба анъанаи маҳбусӣ содиқ мондаву аз иштирок дар ҷанг даст кашида муборизаи шадид сурат гирифт, дар натиҷа ҳар ду тараф талафоти зиёди ҷонӣ доданд.

Солҳои 60-уми асри ХХ ба маҳбусони озодшуда баробари дигар шаҳрвандони мамлакат иҷозат дода мешавад, ки дар сафи артиш хизмат кунанд, дар натиҷа ба қувваҳои мусаллаҳ ва флот онҳое роҳ ёфтанд, ки ба зудӣ дар артиши шӯравӣ тартиботи хосро ҷорӣ карданд. Имрӯз ин тартибот бо номи “дедовшина” дар артиши русӣ боқӣ мондааст.

Солҳои 80 ҷинояткории муташшакили шӯравӣ унсури нав касб кард бо номи ғоратгарӣ (бандитизм), тадриҷан сафи ҷинояткорони ғоратгар афзун мешуд. Ҷавонон, пас аз тамошои кинофилмҳои амрикоӣ, аз сари шавқу завқ ба қаҳрамонҳои кинофилмҳо тақлид карда сужаи филмҳоро дар ҳаёти хеш татбиқ мекарданд, гурӯҳҳои муташаккил таъсис медоданд. Образи ҷинояткорон ва “касби” ҷинояткорӣ ба романтика мубаддал гашт... Дигар ҷавонон адолату ҳақиқатро дар миёни аъзои гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҷустӯҷӯ мекарданд... Натиҷа аз чунин бардошт манфӣ ва нигароникунанда буд, зеро “бандитҳо” дар миёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ  ба як табақаи иҷтимоӣ мубаддал гашта буданд. Дар тассавуроти ин табақа зиндагии кӯтоҳмуддати пуршӯру шару барқсо ва мурдан аз тири рақибону душманон меъёри ҳаётӣ дониста мешуд.

Онҳое, ки аз ин ҷанги эълоннашуда, хунрезиву муборизаҳо саломат бадар омаданд, баъдан гурӯҳи дигари ҷомеаи навинро созмон доданд, ки эшонро “тоҷирон - русҳои навбаромад” (новые русские) меномидагӣ шуданд; онҳое ки ҳунари тиҷорат надоштанд, ҳамчун шахси босалоҳият (авторитет) фаъолияти худро дар озодӣ идома доданд. Баъдан, солҳои 90-ум “авторитетҳо” маблағҳои бузурги бо роҳи ҷиноят дастрасшударо ба хориҷи кишвар интиқол дода, онҳоро ба қавле, қонунӣ карда дар кишварҳои  Амрико ва Аврупо тиҷоратро оғоз карданд. Акнун хадамоти махсуси кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бо таҳдиди нав – мафияи русӣ рӯ ба рӯ омаданд.

Имрӯз низ дуздони “қонунӣ” мисли пешина яке аз унсурҳои махсус ва баргузидаи ҷинояткорон маҳсуб меёбанд, ҳарчанд мисли пешина ҷиноят содир мекунанд, аммо онҳоро дигар гурӯҳи ҷинояткор не, балки “гурӯҳи муташаккил” меноманд.  Дуздони “қонунӣ” мисли пешина худро ҳимояткунандаи ҳуқуқи маҳбусон дар маҳбасхонаҳо ва берун аз он муаррифӣ мекунанд, аз болои хазинаи умум (обшак) назорат мебаранд, барои саривақт пур кардани хазина ва интиқоли он ба зиндонҳо мусоидат мекунанд, фаъолияти гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятиро ҳамоҳанг месозанд ва дар баъзе ҳолатҳо бо роҳи инъому тақдим маъмурияти маҳбасхонаҳоро зери назорати худ мегиранд.

Дуздони даврони муосир қойидаҳои кӯҳнаи дуздони “қонунӣ”-ро аз қабили надоштани оила, манзили хусусии зист, боигарӣ ва шукуҳу шаҳомат қариб, ки риоя намекунанд. Ин қойидаҳо ба гӯшаи фаромушӣ партофта шуда аз онҳо тахминан чизе боқӣ намондааст. Яке аз шартҳои асосии соҳиб шудан ба унвони баланди дузди “қонунӣ” ин пеш аз ҳама доштани ҳукми чандинкаратаи судӣ ва муддати тулонӣ нишастан дар маҳбасҳо, яъне доштани “стаж” буд. Акнун дуздони “қонунӣ” ва номзадҳо ба ин унвон на ин ки дар маҳбасҳо зиндонӣ намешаванд, балки кӯшиш мекунанд, ки бо дасти худ ягон ҷиноят содир накунанд ва ҳатто нишонаҳои ҳаёти ҷиноятии хешро мепӯшонад. Вазифаи асосии дуздони муосир ин ҳал кардани масъалаҳои ташкилӣ, муайян ва тақсим кардани доираи нуфуз ва таъсир, назорат ва идораи фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ мебошад. Чунин тарзи коргузорӣ ҳатто имконияти ҳамкорӣ кардан ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқро низ фароҳам овардааст, агар чунин ҳамкорӣ барои иттиҳодияи ҷинояткорон манфиатнок бошад, дуздони “қонуни”-и муосир беибо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ мекунанд.

Бояд қайд кард, ки миёни дуздони пешина ва нав барои аз даст надодани эътибор доимо ва шадидан муборизаҳои ошкорову ниҳонӣ бурда мешавад. Танҳо дар солҳи 1992-1993 ҷинояткорони номӣ ва касбӣ ба монанди Витя Калин (Виктор Никифоров), Глобус, Рэмбо, Сво, Амиран Квантришвили, Федя Бешеный, бародарон Пипия, Отари Квантришвили кушта шуданд.

Дар замони муосир мафҳуми интернатсионализм маъруф набошад ҳам дар олами ҷинояткорон он боқӣ мондааст; ба миллати ҷинояткор аҳамият дода намешавад.

Дуздони “қонунӣ” ба сиёсат роҳ меёбанд

Дуздони “қонунӣ” то ҳанӯз барои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва расонидани хазинаи маҳбусон (обшак) масъул ҳастанд. Хазина аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир, ташкили фоҳишахонаҳо, дискотекаҳо, толорҳои гуногуни варзишӣ - фароғатӣ, стриптизклубҳо, шоу-барномаҳои консертӣ, пирамидаҳои молиявӣ, тиҷорати тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, истгоҳҳои таъмири автомобилҳо, андозҳои нонавиштаи “криминалӣ”, пур карда мешавад. Бояд қайд кард, ки тамоми фаъолияти дар боло нишондодашуда зери номҳои зебо ва таблиғи модерн анҷом дода мешаванд, ҳатто бо роҳи таъсир расонидан ба ниҳодҳои қонунбарор ва иҷроия санадҳои қонунӣ қабул карда мешаванд.

Тавре дида мешавад, доираҳое, ки дуздони “қонунӣ” зери нуфузи худ нигоҳ медоштанд, (қиморбозӣ, танфурушӣ, маводи мухаддир, таъмири мошин, тиҷорати тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва м.и.), бетағйир боқӣ монданд; тиҷорат дар ин доира то ҳоло низ ҷомеаи ҷинояткоронро мехӯронаду мепӯшонад. Даромади буҷавии чунин тиҷоратҳо на танҳо бо бонкҳо рақобат мекунанд, балки сармояи асосии бонкҳои азимро ташкил медиҳанд. Беҳуда нест, ки баъзе аз дуздони шинохтаи “қонунӣ” расман дар ҳайати Шӯрои директорони корпоратсияҳои азими молиявӣ ба таври расмӣ ворид ҳастанд, ҳатто баъзе аз онҳо курсии роҳбарии шаҳру ноҳияҳоро низ банд кардаанд.

Аммо, аз ҳама ҷолиб он аст, ки хазинаи маҳбас, дигар “обшак” номида намешавад, он дигар барои маҳбусони қаторӣ нигаронида намешавад, қисми ночизи ин маблағ дар сурати зарурӣ барои ба маҳбас кашидани рақибон ва ҷисман нобуд кардани онҳо дар зиндонҳо, “харидани” маъмурони зиндон ва дигар амалиётҳои “сиёҳ” истифода мешаваду тамом. Боқӣ дар хизмати дуздони “қонунӣ”-и мансабдор ва намояндагони боломақоми ҳукумати расмӣ сафарбар мешаванд. Бо ин маблағҳо чорабиниҳои сиёсӣ ва интихоботҳо гузаронида мешаванд, сиёсати идеологӣ пеш бурда мешавад, шабакаҳои радиотелевизионӣ ва расонаҳои хабарии матбуотиву электронӣ ифтитоҳ мешаванд.

Тавре ки М.Н. (чор маротиба дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон нишастааст), нақл мекунад, солҳои 90 асри гузашта дар шаҳри Душанбе ва ҳудуди Тоҷикистон масъули ҷамъоварии “обшак” ба ӯҳдаи Қувваталӣ ном шахс гузошта шуда буд. Масъулони дар озодӣ ҷамъоварандаи “обшак”ро “смотряший” ва “положенетс” низ меномиданд. Маблағҳои ҷамъшударо Қувваталӣ ба ҳамаи маҳбусхонаҳо равона карда, ҳисоботро ба зиндони низоми пӯрзури Қаровулбозор, воқеъ дар наздикии шаҳри Бухоро пешкаш мекард. Ҳамон солҳо дар маҳбасҳои Осиёи Миёна дузди “қонунӣ”  адои ҷазо намекард. Лекин ба қавли М.Н. барои назорат бурдан аз болои ҷинояткорони Осиёи Миёна ва маҳбасхонаҳои он мунтазам аз зиндонҳои марказии Иттифоқ дуздони “қонунӣ” ба таври муваққат ба маҳбасҳои ОМ ба “сафар“ меомаданд. Ин дафъа дар маҳбасхонаи Қаровулбозори Бухоро дузди “қонунӣ” бо номи Виктор қарор дошт. Яке аз гумоштаҳо ба таври иғвогарона ба Виктор хабар мерасонад, ки Қувваталӣ аз ҳисоби маблағи “обшак” маводи мухаддир истеъмол мекунад. Виктор бе тафтиши ин хабар супориши ҷазо додани Қувваталиро медиҳад, баъдан Қувваталӣ дар Душанбе аз зарби лату кӯб мефавтад. “Айни ҳол дар Душанбе Раҳматшо барои ҷамъоварии “обшак” мутассадӣ аст, ҳамчунин Бек барои як гурӯҳи дигари зиндониён маблағ ҷамъ меоварад. Аммо ин маблағро “обшак” гуфта намешавад, зеро маблағҳои ҷамъ шуда ҳамагӣ... 100-200 сомониро ташкил мекунаду бас, - мегӯяд М.Н.- Ҳол он ки солҳои шӯравӣ фақат дар як моҳ зиёда аз 1000-1500 рубл ҷамъ оварда мешуд, зеро системаи дуздиву ғоратгарӣ ва рекетӣ амал мекард...

Агарчӣ дар маҳбасхонаҳои Ӯзбакистон, Туркманистон, Қирғизистон тартиб ва қойидаҳои замони шӯравӣ, тибқи кодекси дуздони “қонунӣ” боқӣ монда бошад ҳам, дар Тоҷикистон ин тартиб пурра барҳам хурдааст. Акнун дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусон танҳо ба тоату ибодат машғуланд. Аммо мавриди пурсидан фаро расидааст, ки доираҳои сердаромад - маводи мухаддир, фоҳишахонаҳо, дискотекаҳо, толорҳои варзишӣ - фароғатӣ, клубҳо, пирамидаҳои молиявӣ, тиҷорати тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, андозҳои нонавиштаи “криминалӣ”-ро кӣ идора мекунад? Системаи дуздӣ барҳам хурдааст, аммо тиҷорати пинҳонӣ ва криминалӣ боқӣ мондааст-ку, ё ин ки Тоҷикистон ба кишвари сотсиализми мутарақии Аврупои шимолӣ мубаддал шудааст? Як замон мегуфтанд, ки “Дар СССР секс нест!”, метарсам, ки дар кишвари мо низ изҳор мекунанд, ки “дар Тоҷикистон фоҳишагиву қиморбозӣ, чӣ, ки умуману тамоман меҳмонхонаву тарабхона, дисколубу толорҳо вуҷуд надоранд!”...

Сабаби бо шукуҳу шаҳомат ба роҳи охират гуселонидани аъзо ва роҳбарони гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ шахсият ва пешаи онҳо набуда, балки молу мулку сарвати беинтиҳои онҳо мебошад. Манзили охирати баъзе аз дуздони “қонунӣ” ба мисли Отари Квантришвили  (вокеъ дар қабристони Ваганковски Маскав) ва Вася Бриллиант ба мемориали боҳашамат мубаддал шудаанд, гулҳои рӯи гӯри инҳо ҳаргиз хушк намешаванд, зеро ба хушк шудан намерасанд. Аз ҳама аҷиб он аст, ки эшонро ҳам дар ғойиб ва ҳам дар ҳозирашон ватандўсту ватанхоҳу ватанпарвар мегӯянд, рамзу нишонаҳои давлатиро дар маросимҳои расмӣ ба таври фаровон истифода мебаранд... Ба чашми мардум хок мепошанд ва ё дар ҳақиқат ин дуздони қонунӣ патриот ҳастанд? Ба назар чунин мерасад, ки қонун ва қойидаҳои ҳар ду ҷониб ба ҳам печидаанд, ҳадафҳои ниҳоӣ -  ҷамъ овардани сарвати беинтиҳосту тамом...{jathumbnail off}

Акрами САНГ, журналист

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)