Тайи як соли охир равғани растанӣ дар бозорҳои Душанбе ва атрофи он арзон шуда, айни ҳол як литри он ба ҳисоби миёна 9 сомонию 63 дирам фурӯхта мешавад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, моҳи сентябри соли гузашта як литр равғани растанӣ 10 сомонию 75 дирамро ташкил медод, ки арзиши он феълан дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.
Манбаъ мегӯяд, аз ҳама нархи гарони равған дар бозори «Варзоб» мушоҳида шуд, ки бо нархи 9 сомонию 80 дирам ба савдо гузошта шудааст. Ин нишондод дар дӯконҳои равғанфурӯшии бозорҳои «Саховат»- у «Деҳқон» ва «Шохмансур» ба 9 сомонию 50 дирам баробар мебошад.
Мӯҳр