Сӯхторе, ки дар кӯчаи Париж 16, собиқ комбинати Егоревскии Русия ба амал омад, касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд.
Тавре Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, оташсӯзие, ки дирӯз,11-уми сентябри ҳамин сол дар Егоревск ба миён омад, хушбахтона касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надошта, 14- нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Ветнам, ки дар як корхонаи дӯзандагӣ кор мекарданд, ба ҳалокат расидаанд. Манбаъ мегӯяд, дар соатҳои аввали ин сӯхтор масъулони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба матбуот хабар доданд, ки ҳамаи афроди ҷонбохта, муҳоҷирони тоҷик будаанд, ки ин нодуруст аст: «Вақте забонаҳои оташ фурӯ нишонда шуд ва таҳқиқоти пешакӣ анҷом гирифт, маълум карда шуд, ки ин афроди қурбоншуда он гуна, ки дар оғоз эълон шуд, на шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони Вйетнам будаанд». Гуфта мешвад дар дохили биное, ки сӯхтор ба вукӯъ омад, 60 нафари дигар аз муҳоҷирони кории Вйетнамро пайдо карданд, ки дар он ҷо ҳам кор ва ҳам зиндагӣ мекардаанд. Аксари онҳо аз дуди сӯхтор зарар дидаанд. Ҳоло, ки дар ин бино ё корхона сӯхтор рух додааст, кормандони пулис гуфтаанд, ин сех ё коргоҳи пойафзолдӯзӣ дар ин бино ғайриқонунӣ сохта шудааст ва муҳоҷирони кории Вйетнам низ ғайриқонунӣ дар он ҷо кор мекардаанд.
Мӯҳр