Дар ин бора ба Озодагон аз шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони милисаи шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 175 кг-у 739 грамм маводи нашъовар боздошт ва мусодира карда шуд: «Ин миқдор нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 122 кг кам медошад.Дар 8 моҳи соли гузашта аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 297 кг маводи мухаддир мусодира карда шуда буд». Аз ин миқдор, зиёда аз 24 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 141 кг гурӯҳи бангдона, 9 кг афюнро ташкил медиҳад.
Гуфтанист, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида, 145 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 (муомилоти ғайриконунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи, ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад .
Мӯҳр