Чӣ тавр метавон телефони худро аз дуздӣ ё гум кардан эҳтиёт намуд? Кадом роҳҳои қаллобӣ дар шабака мавҷуданд ва чӣ тавр метавон худро аз амалҳои ғайриқонунӣ эмин нигоҳ дошт?
Дар ин бора мутахассисони ширкати «МегаФон» ба толибилмоне, ки дар лагерҳои тобистонаи вилояти Суғд истироҳат мекарданд, маълумот доданд. Бар хилофи он машғулиятҳое, ки дар доираи барномаҳои маъмулии мактабӣ сурат мегирифтанд, «МегаДарс»-ҳои оператори ширкат барои кӯдакон на танҳо муфид, балки шавқовар низ буданд. Танҳо дар давоми 1 моҳ, аз моҳи июл то август дар «МегаДарс»-ҳо беш аз 702 толибилмон ширкат намуданд.
Директори лагери тобистона дар шаҳри Қайроққум Муҳаммад Исомиддинов ба хабаргузории Озодагон дар ин бора чунин иброз дошт: «Кӯдакони муосир бидуни алоқаи мобилӣ ҳаёти худро тасаввур карда наметавонанд, мутаассифона, на ҳамаи онҳо аз қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи телефони мобилӣ огоҳ ҳастанд. Бинобар ин, чунин дарсҳо басо муҳим ба ҳисоб мераванд».
Дар соли нави таҳсил «МегаДарс»-ҳои ширкат дар мактабҳои кишвар идома мекунанд. Оид ба қоидаҳои этикаи мобилӣ ва бехатарӣ боз якчанд ҳазор наврасон огоҳӣ пайдо хоҳанд кард. Барои донишҷӯён бошад, МегаФон дар соли равон «МегаФорум»-ҳо дар мавзӯъҳои муҳим ва QR-квестҳоро доир менамояд.
Мӯҳр