Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши шир мушоҳида мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷумла дар қиёс бо нархҳои моҳи сентябри соли гузашта, як литр шир ҳудуди 21 фоиз қиматтар шуда, алъон 1 литри онро дар дӯконҳои ширфурӯшии бозорҳо бо нархи 4 сомонию 40 то 4 сомонию 50 дирам харидан мумкин аст.
Гуфтанист, шири аз ҳама арзон дар бозори «Варзоб» буда, арзиши он 4 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад. Дар бозори «Шоҳмансур» як литр шир 4 сомонию 40 дирам арзиш дорад. Зимнан, нархи аз ҳама гарони як литр шир дар бозорҳои «Саховат»-у «Деҳқон» ба мушоҳида мерасад, ки он баробар ба 4 сомонию 50 дирам аст.
Мӯҳр