Як таҳлилгари фарансавӣ ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дод, ки бо нуфузи Ал-қоида дар Сурия муқобила кунанд, чун дар ғайри ин сурат бояд дар интизори ҳамалоти 11 сентябри ҷадиде дар Ғарб бошанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз пойгоҳи оҷонсии Оҷел, Фередрик Бичун , пажуҳишгар ва нависандаи фарансавӣ, таъкид кард, ки Арабистони Саъудӣ ва Қатар аз таҳрики алайҳи Сурия ва фитнаангезиӣ дар ин кишвар, ба унвони абзоре ҷиҳати пешгирӣ аз вуқӯъи эътирозҳои мардумӣ дар кишварҳои худ ва ларзиши пояҳои ҳукуматашон истифода мекунанд, ба вижа он ки ин режимҳо ҳеч пешинае дар ҳавзаи демократӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар надоранд.
Бичун, ки устоди таърихи маъосир ва коршиноси умури Сурия ва ақаллиятҳост, дар мақолае ки пойгоҳи фарансавии "Атлантико" онро мунташир кард, навишт ки кишвари матбуъаш вақти бисёре сарф кард, то аҳдоф ва ниятҳои воқеии афроди мусаллаҳ дар Сурия ва ин ки чӣ режиме аз онҳо ҳимоят мекунадро дарёбад, режимҳо бояд аз Қатар ёд гиранд. Вай дар идома навишт: “Қатар ҳамон кишваре аст, ки кӯмак кард то барои аввалин бор пои созмони “Ал-қоида” ба Сурия боз шавад ва ба ин васила нишон диҳад, ки қасд дорад аз Сурия Афғонистони дуюмӣ бисозад.
Ин коршиноси фарансавии умури Сурия мегӯяд: “Суханони зишт ва занандае, ки ин рӯзҳо Леверон Фобюс, вазири хориҷаи Фаранса бар забон ҷорӣ мекунад, наметавонад ин амрро ба фаронсавиҳо илқо кунад, ки кишварашон дидгоҳи стротегӣ дар қиболи бӯҳрони Сурия дорад, ба вижа он ки дар ин муддат Париж сиёсатҳои пешини худ на танҳо дар қиболи Сурия,балки дар қиболи дигар масъалаҳои байналмилалиро дар пеш гирифтааст”.
Бичун асли хатарро дар нуфузи Ал-қоида дар Сурия медонад ва таъкид мекунад, ки густариши нуфузи ин созмон дар Сурия ба мо ёдоварӣ мекунад, бояд дар интизори 11 сентябр ҷадиди дигаре дар Ғарб бошем.
Мӯҳр