Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ мулоқот анҷом дод. Дар ин нишаст, роҳбари минтақаи шимоли кишвар афзуд, ҳадаф аз ин мулоқотҳо, таҳкими робитаҳои мақомоти давлатӣ бо ҷомеа, ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон, баррасӣ намудани арзу дархости мардум мебошад.
Расулзода ҳамзамон гуфт, мақсади мо на фақат омӯзиш ва санҷиши рафти татбиқи дастуру супоришҳои президенти мамлакат, қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, балки ҳамчунин мусоидат ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда ба мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ мебошад. Бино ба қавли ӯ, пешравии ноҳия танҳо баъди сафари кории президент Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2007 ба вуқӯъ пайваст, имконпазир гардид ва ҷиҳати рушди ноҳия, беҳтар шудани шароити зисти мардум тадбирҳои нек андешида шуданд. Бо дастгирии бевоситаи президент «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2008 - 2015», аз 13 августи соли 2008, № 399 тасдиқ ва қабул гардид.
Расулзода ба рушди ноҳияи Мастчоҳ ишора карда гуфтааст, тайи ин муддат таъмини иҷрои самтҳои асосии барнома 6 миллиону 526 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла 5 миллиону 351 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 1 миллиону 175 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ маблағгузорӣ гардидаанд. Раиси вилояти Суғд ҳамчунин дар суханронии худ натиҷаҳои қабули шаҳрвандон, вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, бахусус таъминот бо об, истифодаи оқилонаи замин, таъмири роҳҳо, корҳои ободониро дар ноҳия мавриди таҳлил қарор дод.{jathumbnail off}
Мӯҳр