Кулли санадҳои зарурӣ ҷиҳати бунёди корхонаи истеҳсолии тракторҳои белорусӣ дар ҷануби Тоҷикистон омода гардидааст.
Тибқи иттилои Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Беларус, зимнан ҷой ва мавзеъи сохтмони он низ мушаххаса шудааст. Ба гуфти ӯ, баъди бунёди ин корхонаи тавлидотӣ дар Тоҷикистон дар назар аст, то 250 трактор истеҳсол карда шавад. Дар соли 2017 иқтидори истеҳсолии корхона то 1500 адад трактор расонида мешавад. Тракторҳои эҳтимолии белорусӣ ҳам барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ хусусан Афғонистон пешбинӣ шудаанд.
Маварид ба ёдоварист,табодули амвол миёни Тоҷикистон ва Беларус дар 5 соли охир 3 маротиба афзоиш ёфта, тайи шаш моҳи ахир ин нишондод ба 44 миллион доллари ИМА баробар аст. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи ин арқом содироти мол ба Тоҷикистон аст.
Мӯҳр