Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд 21 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд.
Соати 17:00-и баъди зуҳр дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд маросими тантанавӣ баргузор мешавад. Дар чорабинии идона намояндагони ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ҷамъ меоянд. Намоиши идонаро консерт бо иштироки ситораҳои эстрадаи вилоят ва баромади гурӯҳҳои рақсӣ рангин мекунад.
Фардо, 9-уми сентябр бошад, тантанаи идона бахшида ба 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят гузаронида мешавад.
Мӯҳр