Як модари фарзандфурӯш аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, дар ноҳияи Шаҳринав модари 20- сола, ки мехост духтари яксолаашро ба ивази 300 доллар ба Лолахон Абдукаримова, сокини шаҳраки Октябри ҳамин ноҳия фурӯшад, ба даст афтод. Манбаъ афзуд, модари кӯдакфурӯш Моҳнисо Ғафурова, соли таваллудаш 1991 буда, дар рустои Ҳоҷисиддиқи ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор зиндагӣ мекардааст. Фарзанди ноболиғи ӯ Зулайхо Раҳимова ном доштааст.
Дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр