Қоҳир Расулзода аз маркази осоишӣ-табобатии Раёсати тиббии минтақаи осоиши "Сипар"-и ВКД-и Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Қайроққум дидан кард.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, райиси вилоят лентаи рамзии ин даргоҳро бурида, вориди осоишгоҳ шуд. Гуфтанист,осоишгоҳи "Сипар" дар масоҳати 4 гектару 70 дарсад сохта шуда, он аз ҳуҷраҳои истироҳатӣ, ошхона, ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон ва ҳамчунин варзишгоҳ барои волейбол, футбол иборат мебошад.
Манбаъ мегӯяд, бино моҳи апрели соли 2012 бо дастгирии РКД-и вилоят таъмиру тармим гардида, он асосан барои оилаҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон, нафақахӯрон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешбинӣ шудааст. Дарҳои осоишгоҳ барои кормандони соҳаҳои дигар ва кулли мардум ҳам боз мебошанд. Вале тазаккур бояд дод, ки имрӯз кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои истироҳат 50 фоиз, дигарон бошад, 100 фоиз маблағ месупоранд ва тӯли 12 рӯз бо камоли фароғат истироҳат мекунанд. Осоишгоҳ барои 32 нафар муқаррар гардидааст ва айни ҳол дар он кормандони ҳифзи ҳуқуқ истироҳат карда истодаанд.
Мӯҳр