Дар Вазорати фарҳанг маросими супурдани ҷоизаҳо ба аҳли фарҳанг ва ҳунари тоҷик ба муносибати 21-солагии истиқлолияти Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба Озодагон аз ин вазорати хабар доданд, Руқия Қурбонова, муовини нахуствазири Тоҷикистон ба соҳибонашон суполрид. Зимни ин маросим Гулбибӣ Абдулҳаева, ҳунарманди театри давлатии «Ҷавонони Тоҷикистон» ба номи М.Воҳидов, Ирина Колесникова, овозхони операи театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Ҷамолиддин Муҷиддинов, роҳбари «Сирки Тоҷикистон» барандагони ҷоиза эълом шуданд.
Инчунин, ба Ислом Наҷмуддинов, директори китобхонаи бахши фарҳанги шаҳри Роғун, Лолахон Раҷабова, консертмейстери театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Ҳотам Раҷаби Асозода, директори генералии «Муҷтамаи ҷумҳуриявин осорхонаҳои Кӯлоб» низ ҷоиза ҳадя гардид.
Манбаъ афзуд, ҳамчунин, Алидод Чароғабдолов, директори китобхонаи вилоятии ба номи А.Рӯдакии ВМБК, Нарзулло Шарипов, саркоргардони театри ҷумҳуриявин русии драма ва мазҳакаи ба номи А.С.Пушкини шаҳри Чкалов, Марина Зокировна ҳунарпешаи театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.
Мӯҳр