Имрӯз понздаҳ нафар корманди пулиси сарҳадии Афғонистон курси панҷҳафтаинаи омӯзишӣ оид ба тарҳрезии назорат ва идоракунии сарҳадро, ки аз тарафи дафтари САҲА дар Тоҷикистон ташкил шуда буд ба итмом расониданд.
Хатмкунандагони курси мазкур, ки ба ҳайси афсарони баландрутба дар вилояти шимолии Афғонистон - Бадахшон хизмат мекунанд, оид ба чӣ тавр ба нақша гирифтан ва гузаронидани миссияҳои назоратбарӣ тавассути истифодаи харитаҳои топографӣ, тасвирҳои моҳворагӣ ва дигар таҷҳизоти тактикӣ маълумот пайдо карданд. Онҳо дониши худро дар равишҳои банақшагирии назорат ва идоракунии сарҳад такмил дода, инчунин таҳлил, гузоришдиҳӣ, кӯҳнавардӣ ва расонидани ёрии аввали тиббиро дар шароити саҳро омӯхтанд.
Сафир Ивар Викки, роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон иброз дошт: «Лоиҳаи тарҳрезии назорат ва идоракунии сарҳад унсури муҳими ташаббусҳои САҲА мебошад, ки ба таҳкими амнияти сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон тавассути баланд бардоштани зарфияти миллӣ, нигаронида шудаанд».
Бояд гуфт, курси мазкур нахустин курси омӯзишие мебошад, ки барои таълими кормандони сарҳадии Афғонистон бахшида шудааст.
Мӯҳр