Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.
Дар ин ҳамойиш соҳибкорони олмонӣ ба коршиносони бах шва масъулини соҳа лоиҳаҳои худро пешниҳод намуданд. Наргис Вик, директори лоиҳаҳои байналмиллалии ширкати «Dana» зимни баромадаш зикр намуд, ки чун Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ашёи хом аст, аз ин лиҳоз метавонад бо Олмон дар бахшҳои мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ҳамкориҳои худро ба роҳ монад. Номбурда аз амалишавии чанд лоиҳа аз қабили истифодаи биогаз, энергияи офтобӣ, энергияи барқӣ дар Тоҷикистон изҳор дошта, татбиқи чунин лоиҳаҳоро муҳим хонд.
Райнер Линднер, котиби генералии кумитаи шарқии Олмон гуфт, ҷониби онҳо омода аст, бунёди пойгоҳҳои гидроэнергетикиро дар Тоҷикистонро амалӣ намоянд.
Дар нишасти мазкур намондагони сафорати Тоҷикистон дар Олмон, Вазорати федеролии иқтисод ва технологияи Олмон, Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ва Агентии энергетикии Олмон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва масъулини ширкатҳои маъруфи энергетикӣ, сармоягузорӣ ва институтҳои молиявии Олмон иштирок намуданд.
Мӯҳр