Тибқи хабарҳои охирин теъдоди қурбониёни заминларзаҳои Чин ба 43 нафар расидааст.
Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, заминҷунбӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии Хитой ҳамчунин 150 касро захмӣ кардааст. Дар марзи музофотҳои Юнан ва Гуйчжоу ҳудуди 20 ҳазор манзили маскунӣ тахриб шуда, 100 ҳазор нафар бесарпаноҳ мондаанд. Гуфта мешавад, шаҳри Илян (дар вилояти Юнан) бештар зарар дидааст. Зилзила боиси қатъи нерӯи барқ гардида, дар бархе ҷойҳо лағзиши замин ба вуқӯъ пайвастааст. Тибқи хабари мақомоти Чин шиддати заминларзаҳо то 5,7 бал будааст. Маркази зилзила бошад, дар 15 километрии шаҳри Илян гуфта мешавад.
Мӯҳр