Дар бозорҳои Тоҷикистон тайи як соли охир нархи як литр қаймоқ (сметана) ҳудуди 24 дар сад қимат шудааст.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як литр қаймоқ дар бозорҳои пойтахт 21 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад, ки соли гузашта арзиши як литри он 17 сомонӣ буд: «Нархи аз ҳама гарони қаймоқ дар бозори «Шоҳмансур» мушоҳида шуд. Он ҷо як литр қаймоқ 26 сомонӣ арзиш дорад. Дар бозори «Варзоб» бошад як литр қаймоқ 22 сомонӣ нархгузорӣ шудааст». Манбаъ мегӯяд, қаймоқи аз ҳама арзон дар бозорҳои «Саховат» ва «Деҳқон» ба фурӯш гузошта шудааст, ки қимати он 19 сомонӣ мебошад.
Мӯҳр