Дар шаҳри Боку аз 6-ум то 8-уми сентиябри соли равон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба афзалиятноки ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳод ва ҷараёни татбиқи барномаҳои байнидавлатии мубориза бо ҷинояткориро баргузор мегардад.
Тавре Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ, роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро Нурулло Орипов муовини аввали вазири ВКД Тоҷикистон ба ӯҳда дорад.
Манбаъ афзуд, ки ширкат кунандагони ҷаласа инчунин масоили марбут ба таҳияи лоиҳаҳои Барномаи байнидавлатии чорабиниҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2014-2018-ро муҳокима мекунанд.
Сарчашмаи хабар ҳамчунин гуфт, ки дар назараст, зимни баргузории ҷаласаи мазкур «Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар» , ва «Муқовимат ба нашъамандӣ барои солҳои 2014-2018», «Консепсияи рушди ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ»-ро баррасӣ қарор гирад.
Мӯҳр