Чаҳорумин давраи мусобиқоти Қуръони донишҷуёни мусулмони ҷаҳон аз 22 то 25 шаҳревармоҳи 1391 (12 то 15 октябри соли 2012) дар устони Озарбойҷони шарқии Эрон бо шиори "Қуръон, ҷиҳод, бедорӣ ва иззат" баргузор мешавад.
Масъулони ин мусобиқа дар бораи ҳадафи он мегўянд: Меҳвари аслии баргузории мусобиқа ваҳдат байни мазоҳиби шиъа ва суннӣ аст ва иллати баргузории мусобиқа дар айёми шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ(ъ) таваҷҷӯҳ ба ин муҳим ва баёни шахсияти волои он ҳазрат аст.
Ба гуфтаи хабарнигори "Форс" ин мусобиқа ба нисбати мусобиқоти пешин, ки дар шаҳри Машҳад баргузор шуд, бо истиқболи чашмгире рӯ ба рўст ва 52 кишвар дар ин мусобиқот аз саросари ҷаҳон бо ҳудуди 100 нафар ширкат мекунанд ва аз ҳар кишвар ҳадди аксар ду нафар дар риштаи ҳифз ва қироъат ҳузур доранд.
Мӯҳр