Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе аз тоҷирони «Корвон» даъват кардааст, ки ба назди бозор баргарданд ва дар он ҷо гуфтугӯ хоҳанд кард.
Хабарнигори Озодагон мегӯяд, дар ҳамин ҳол садҳо нафари дигар ба ин даъвати мири шаҳр итоат накарда, ҷониби маркази пойтахт равонаанд.Кормандони милиса бо истифода аз мошинҳо дар назди бинои «Текстил» воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, талош доранд, ки монеи ҳаракати издиҳоми мардум шаванд.
Гуфтанист, мири пойтахт ба РКД-и шаҳри Душанбе супориш додааст, ки тоҷиронро ба автобус савор намуда, ба бозори «Корвон» баранд
Мӯҳр