Гурӯҳе аз соҳибкорон, ки рӯзи гузашта молу колояшонро аз сӯхтор наҷот доданд, ҳоло амволашонро бон архи арзон ба фурӯш гузоштанд.
Хабарнигори Озодагон аз бозори мазкур иттилоъ медиҳад, ки соҳибкорон сабаби арзон ба фӯруш гузоштани молашонро аз надоштани ҷой ва ғоратгарии шаби гузашта шарҳ медиҳанд: «Агар ин шаб ҳам ин молҳо дар берун монад, мо аз даст медиҳем. Сабаби дуюми арзон ба фӯруш гузоштани молҳо дар оташсузӣ бесифат шудаанд».
Дар ҳамин ҳол, иддаи дигари тоҷирон дар назди даромадгоҳи райиси бозор ҷамъ шуда, тақозои онро доранд, ки мавсуф баромада дар бораи сар задани сӯхтор маълумот диҳад ва масъалаи дубора барқарор кардани ҷойҳои онҳоро баррасӣ намояд.
Мӯҳр