Дар ин бора Озодагон аз Раёсати БДА-и ВКД иттилоъ доданд.
Маҳмадшариф Шамсов, як масъули ин раёсат гуфт, рӯзи гузашта (5-уми сентябр), тақрибан соати 16:30 дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд, ронандаи нақлиёти тамғаи «Опел вектра», Абдуғафор Абдуқаюмови 61- сола, аснои ҳаракат дар километри 30-юми роҳи Хуҷанд-Конибодом бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста ба дарахти канори чапи роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Сарчашмаи хабар илова намуд, аз аввали соли равон то ба имрӯз дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 883 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 288 нафар ҳалок ва 959 тани дигар захм бардоштаанд.
Мӯҳр