Дирӯз (5-уми сентябр), тақрибан соати 17:40 то 17:45, дар ҳудуди бозори Корвон оташсӯзӣ ба амал омада, тайи якуним соат қариб ҳамаи қисми фурӯши яклухти бозори мазкурро фаро гирифт.
Хадамоти оташнишонӣ ва наҷотдиҳандагон аз Душанбе ва ноҳияҳои Ваҳдату Ҳисор то нисфишаб бо оташ мубориза бурда, ҳудудан соати 23 аз паҳншавии он ҷилавгирӣ намуданд ва соати дуи шаб дуди оташ аз осмони шаҳр кам-кам пароканда шуд.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Озодагон” субҳи имрӯз аз ҷои воқеъа иттилоъ дод, ки ҳанӯз ҳам қисми ҷанубии бозор, маъруф ба “меличовка” дуд мекунад ва кормандони хадамоти оташнишонӣ машғули коранд. Субҳи имрӯз (6-уми сентябр) комиссияи экспертизаи хадамоти оташнишонӣ ба кори худ шурӯъ намудаст ва мувофиқи маълумоте, ки корманди он дирӯз ба мо гуфт, дар давом чор рӯз натиҷаи таҳқиқи он маълум хоҳад шуд.Ба ғайр аз оташнишонон ва наҷотдиҳандагон, ба ҷои воқеъа низомиён ва кормандони милиса низ чалб шудаанд.
То ҳол дар хусуси талафоти ҷонӣ маълумоти расмӣ дастрас нест, аммо овозаи марги се нафарро як сарбози қушунҳои дохилӣ ба хабаргузории мо таъйид намуда, гуфт: “Шумораи ҳалокшудагон аз ин бештар аст. Аз он се нафар ду нафарашон- модару писар будаанд. Ғайр аз онҳое, ки бевосита дар пайи сӯхтор ҳалок шудаанд, нафарони зиёд бо ҳуҷуми мағзию қалбӣ бистарӣ шудаанд ва баъзе низ аз сабаби хурӯҷи маризии дил ва асаб ба касалхона мунтақил гаштанд”.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД бошад дар сӯҳбат бо Озодагон гуфт: “Овозаҳои марги одамон дар оташсӯзии бозори Корвон бепоя аст, аммо ҷароҳатбардоштагон дар ин ҳодиса ҳастанд”.
Мӯҳр