Сивакова Елена Викторовна, роҳбари маркази байниидоравии омӯзиши меҳнати тиббии Поволжскийи Русия зимни мулоқоташ бо Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷиистон иброз доштааст, ки омомаанд филиали ин маркази тиббиро дар Душанбе кушоянд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, мақсад аз кушодани ин маркази тиббӣ дар Душанбе-гузаронидани ташхиси тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Федератсияи Русия мераванд, мебошад. Бархе аз коршиносон аз ташхиси тиббӣ гузаштани шаҳрвандонро пеш аз сафарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ муҳим разёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки ин масъала бояд ҷиддӣ ба назар гирифта шавад.
Мӯҳр