Бахшҳо

Мулоқоти Сафиалло Девонаев бо Валерий Яковлев

Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҷараёни сафари корияш ба Русия бо  Валерий Яковлев, сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Самара мулоқот намуд.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангуи Хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки ҷонибҳо зимни мулоқтоашон масоили ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, ҳамкории дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, фаъолияти қонунии муҳоҷирон, масъалаи омӯзиши забони русӣ, кори муштарак ва ҷалби ҷамоаи тоҷикон зимни фароҳам овардани шароити ба муҳити иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи Русия одат кардани шаҳрвандони Тоҷикистонро муҳокима намудаанд.
Валерий Яковлев зимни суҳбаташ аз вазъи муҳоҷират дар минтақа хабар дода, иброз намудааст, ки ҷониби Русия омода аст бо намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва намояндагии корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» дар робита ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки  Сафиалло Девонаев бо намояндагони ҷамоаи тоҷикон дар Русия ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шаҳри Самара мулоқот намудааст.
Валерий Яковлев дар ин мулоқот кайд карааст, ки то 1-уми сентябри соли равон  дар кайди мухочирати  ин вилоят 30332 шаҳрванди  Тоҷикистон хаст, ки аз ин шумора 6514 нафарашон патент ва 2289 нафарашон ичозатномаи корӣ гирифтаанд.
Мавриди тазаккур аст, ки Сафиаллоҳ Девоанев 30-уми августи соли равон ба Русия сафар намуда, то кунун он ҷо қарор дорад. Номбурда қабл аз мулоқоташ бо Валерий Яковлев бо Константин Ромодановский, роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мулоқот намуда буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)