Анварбек Юсуфбекови 52 сола, собиқ нозири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Сино, бо иттиҳоми даст доштан дар қаллобӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд.
Тавре Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, Анварбек Юсуфбеков бо роҳи қаллобӣ тасарруф кардани амволи давлатӣ ва ба даст овардани фоидаи муфт дар сохтакории ҳуҷҷатҳо мусоидат намудаааст.
Манбаъ мегӯяд, Анварбек Юсуфбеков маълумотномаи комиссияи эксперти тиббии меҳнати ҷумҳуриявиро аз 5-уми июни соли 2000 қалбакӣ тартиб додааст: «Дар асоси он ба Исломиддин Асоеви 61 сола, сокини кӯчаи Ҷаббор Расулов, мудири анбори «Тоҷикгидромантаж» нафақаи маъюби гурӯҳи 2-юм таъин кардааст. Аз гирифтани нафақаи маъюбӣ аз фонди нафақа ба давлат 154000-сомонӣ зарари калон расонидааст».
Бино ба иттилои манбаъ, феълан нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр