Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммадҷон Осимӣ як ҳавопаймои «Як-40» тӯҳфа кард.
Лола Кенҷаева, сардори маркази матбуотии «Тоҷик Эйр» ба Озодагон иттилоъ дод, ки ширкати мазкур ба ин донишгоҳ барои корҳои амалӣ як ҳавопаймои аз истифода баромадаи истеҳсоли замони шӯравиро додааст: «Донишгоҳ ҳамчунин соҳиби муҳаррик, қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъиёти ҳавопаймоҳои ТУ-154, Як-40, инчунин чархболи Ми-8 ва асбобҳои корӣ гардид».
Ҳавопаймои мазкур ба ширкат зиёда аз 20 сол хизмат намуда, бо хатсайрҳои Душанбе-Бишкек, Душанбе-Алма-Ато, Душанбе-Хоруғ парвоз мекард.
Вақтҳои охир ҳавопаймо барои парвозҳои омӯзишӣ истифода мешудааст. Гуфтам мешвад айни ҳол ҳавопаймои «Як-40» дар назди донишгоҳи техникӣ насб шудааст.
Мӯҳр