Имрӯз, 4-уми сентябр дар Тоҷикистон «Рӯзи китоб»-ро ҷашн мегиранд.
Аз китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки ба ин ин муносибат дар саросари ҷумҳурӣ як қатор ҳамоишу чорабиниҳои вижа баргузор мегардад. «Дар боғи Рӯдакии шаҳри Душанбе маросими ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Рӯзи китоб» ба кори худ шурӯъ намуд. Дар ин ҳамоиш дастхатҳо, китобҳои нодир, маҷалла ва рӯзномаҳои солҳои пешин ба маърази тамошо гузошта мешавад»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар ҳамчунин гуфт, ки ба муносибати «Рӯзи китоб» соати 11:00-и имрӯз расми ифтитоҳи кушодашавии толори олимон дар Китобхонаи миллӣ доир мешавад. Соати 13:00 бошад, бо ширкати роҳбарони нашриётҳои кишвар як нишасти вижа дар назар аст.
Мӯҳр