Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷиистон зимни боздид аз Ҳиндустон бо Пранаб Кумар Мукерҷӣ, ҳамтои ҳиндуяш мулоқот кард.
Тавре аз маркази матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон ва Пранаб Кумар Мукерҷӣ аз мулоқоту музокироти анҷомшуда ва имзои 12 санади нави ҳамкорӣ миёни сохторҳои гуногуни давлатӣ ва хусусии ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, онро таконбахши робитаҳои минбаъдаи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию фарҳангӣ ва амниятию низомӣ хонданд.
«Дар мулоқот таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкории судманди дуҷониба заминаи воқеӣ барои баровардани муносиботи ду кишвар ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ мебошанд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр